БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАХОИ ФАРХАНГИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020
Вобаста ба ин, бо максади татбики нишондоди карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон тамоми сохтмонхои нотамоми иншооти фарханги ба накшаи чорабинихои Барномаи мазкур ворид карда шудаанд.
- Хангоми бархамдихии собок колхозу совхозхо моликияти онхо, аз чумла бино ва амволи муассисахои фарханги дар тавозуни онхо карордоштаро хочагихои фермерию дехконии навтаъсис аз худ намуда, хусуси гардониданд. Яке аз сабабхои асосии чунин вазъият ин аз чониби шуъбахои фарханг саривакт барои истифодабари сертификат накардани китъахои замин ва амволи муассисахои фарханг мебошад. Аз ин ру, дар Барномаи мазкур тахия ва пешниходи тагйиру иловахо ба конунгузории амалкунанда бахри пешгирии хусусигардонии китъахои замин, бино ва амволи муассиса ва иншооти фарханги, инчунин густариши раванди сертификатсиякунонии онхо пешбини гардидааст.
- Дар чараёни татбики барномахои рушди фаъолияти китобдори ва компютеркунонии китобхонахои давлатию оммави корхои муайян анчом дода шуда бошанд хам, имруз вазъи фаъолияти китобдори ба талаботи чомеаи муосири иттилооти ва ниёзхои доимоафзояндаи ахоли нисбат ба китоб ва дастёби ба сарчашмахои гуногуни иттилооти чавобгу несг. Зеро имруз дар мамлакат бинои 432 китобхона ё ба андозаи 31,9 фоизи онхо таъмирталаб буда, бинои 89 китобхона дар холати садамави карор дорад. Хамзамон 307 китобхона бинои мустакил надошта, дар бинои дигар ташкилоту муассисахо, чамоатхо ва хонахои шахси фаъолият доранд.
- Тахлилхо собит менамоянд, ки дар таркиби фонди китобхонахои чумхури теъдоди китобхо ба забонхои хоричи афзалият дошта, танхо 38 фоизи фонди онхоро адабиёт ба забони давлати ташкил медихад. Сахми макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар мукаммалгардонии фонди китобхонахо бо адабиёти тозанашр ба забони давлати назаррас нест. Танхо маблаггузории устувор аз бучети чумхури вазъиятро ба таври мусбат тагйир дода метавонад.
- Тибки Накшаи чорабинихои “Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонахои давлатию оммави дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2013” барои компютеркунонии китобхонахои чумхури 2 млн. 280,2 хазор сомони пешбини гардида буд, аммо дар чараёни татбики Барнома (солхои 2011-2013) ба Вазорати фарханг хамаги 1 млн. 35 хазор сомони чудо гардид. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати низ тибки нишондоди Барномаи мазкур ухдадорихои худро дар самти таъмини китобхонахои вилояти бо компютерхо, пайвастшавии китобхонахо ба шабакаи интернет, харидории барномахои махсуси китобхонавии мутамаркази иттилоти, тахияи фехристхои электрони, таъсиси вебсайти китобхонахо ва китобхонахои электрони ичро накарданд.
- Вобаста ба ин, зарурати дар сатхи давлати мусоидат намудан ба идомаи чараёни компютеркунонии тамоми муассисахои фарханги чумхури ба миён омада, он дар доираи Накшаи чорабинихои Барномаи мазкур амали хохад гашт.
- Дар татбики сиёсати фархангии Хукумати Чумхурии Точикистон богхои фархангию фарогати мавкеи хоса доранд. Дар аксарияти богхои фархангию фарогати барои истирохату фарогати ахоли шароитхои мусоид фарохам оварда нашуда, онхо бо тачхизоти муосир мучаххаз нестанд. Бо назардошти худмаблаггузор будани аксарияти богхои фархангию фарогати макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои ободонии онхо дар самти чудо намудани маблагхои максадноки давлати ва чалби маблагхои сармоягузорони хоричи ва ватани таваччухи кофи зохир намекунанд.
- Фонди осорхонахои чумхури (якчоя бо фонди Осорхонаи миллии Точикистон, осорхонахои Академияи илмхои чумхури ва хонамузейхо) 316 326 адад нигорахои дорои арзиши баланди таърихию фархангиро ташкил медихад. Мутаассифона, кисми зиёди ин нигорахо, бахусус дар дехоти мамлакат, дар шароитхои ба талаботи осорхонави номувофик нигохдори шуда, бинобар мавчуд набудани лабораторияи махсуси таъмиру тармим хавфи нобудшавии онхо руз то руз зиёд мегардад. Бо назардошти мавчуд набудани санадхои меъёрии хукукии сохави ашё ва коллексияхои осорхонави дар микёси чумхури хануз ба кайд гирифта нашудаанд. Чунин вазъият раванди тахияи “Фехристи давлатии фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон”-ро, ки дар Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи осорхонахо ва фонди осорхонахо” пешбини гардидаст, боз медорад. Вобаста ба ин, дар Барнома бахри хифз, бакайдгирии ашё ва коллексияхои осорхонави ва таъмини рушди фаъолияти осорхонахо як силсила чорабинихо ба накша гирифта шудаанд.
- Татбики мукаммали функсияхои ичтимоии муассисахои фарханг, самаранокии фаъолияти онхо, таъмини чараёни рушди устувори соха, хамзамон ичрои бомуваффакияти чорабинихои Барномаи мазкур аз сатхи донишхои назарияви ва малакахои касбии кадрхо вобаста аст.
- Дар радифи васеъ гардидани доираи фаъолияти муассисахои фарханг, рушди босуръати имкониятхои технологияи иттилоотию коммуникатсиони дар самти тавлиду тахлил, коркард ва пахши иттилоот, такмили пайвастаи анво ва васоити гуногуни дастёби ба сарчашмахои иттилооти масъалаи тарбия, такмили ихтисос ва бозомузии кадрхо дар сатхи меъёрхо ва стандартхои байналмилалии тахсилоти касби таваччухи хосаро такозо менамояд.
- Айни замон дар муассисахои таълимии соха, аз чумла муассисахои тахсилоти оли касби оид ба бисёр самтхои мухими фаъолияти ичтимоию фарханги, ба монанди тармимгари дастхату китобхо, барномарези низомхои автоматикунонидашудаи китобдори-иттилооти, китобдор-мутахассиси сохахои тифлотехника, медиатехника, дефектология, аз чумла сурдопедагогика, тифлопедагогика, продюсер, мутахассиси сохаи реклама, рассом-декоратор, рассом-бутафор, рассом-пардозгар, режиссураи театрхои драмави, рохбари кинофотостудияхо, эчодиёти амали-ороиши, режиссураи театрхои драмави-мусики, мутахассиси хифзи мероси фархангии гайримодди, корманди бадеии муассисахои тахсилоти томактаби ва дар шуъбахои гоибона тахассуси сарояндагони мардумиро тайёр намекунанд. Аз ин ру, бахри мутобик гардонидани сохтор ва васеъ гардонидани доираи фаъолияти Донишкадаи давлатии фарханг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар самти чоринамоии тахассусхои нав тибки эхтиёчоти вокеии сохаи фарханг бояд чорахои амали андешида шаванд.
- Дар Барнома самти тарбияи кадрхо бо назардошти вазифахои афзалиятноку фаври ва дурнамои рушди фаъолияти ичтимои-фарханги дар Чумхурии Точикистон тархрези гардидааст. Зеро имруз сатхи маълумоти кормандони муассисахои фарханги чумхури каноатбахш нест.
- Махз савияи донишхои назарияви, малакахои касби ва нихоят салохиятнокии кадрхо ба мундарича ва сатху сифати чорабинихои фарханги таъсири амик мерасонад. Сатхи пасти маълумотнокии кадрхо дар муассисахои фарханг боиси он гардидааст, ки чорабинихо хусусияти мавсими дошта, якнавохт баргузор мегарданд, шумораи махфилхои гуногун дар муассисахои клуби ва китобхонахо кохиш ёфтааст, ташаббусхои нави эчоди кам ба назар мерасанд.
- Корманди дорои маълумоти миёнаи умуми, аз ухдаи тахлили вазъи ичтимои-фархангии махалли хизматрасони, тамоюлоти чахонишавии фарханг, кор бо технологияи муосири иттилооти, чалби ахоли ба махфилхои
гуногуни шавковар, ташкили чорабинихои фарханги дар сатхи зарури, ворид намудани навгонихо ба фаъолияти ичтимоию фарханги баромада наметавонанд. Чунин вазъият ба завки зебописандии ахоли, мавкеи ичтимоии муассисахои фарханги кишвар таъсири манфи расонида, раванди татбики самарабахши сиёсати фархангии Хукумати чумхуриро халалдор месозад.
- Вазъи такмили ихтисос ва бозомузии кадрхои сохаи фарханг низ ташвишовар аст. Дар чумхури хануз низоми устувори такмили ихтисос ва бозомузии кадрхои сохаи фарханг ташаккул наёфтааст. Факултаи такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи фарханг, санъат ва табъу нашри Донишкадаи давлатии фарханг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода бинобар махдудиятхои молияви, кадри, мавчуд набудани барномахои нави таълими вобаста ба тамоюлоти муосири рушди фарханг, тараккиёти босуръати технологияхои муосири иттилооти ва телекоммуникатсиони имконияти ба таври мукаммал ва дар сатхи зарури фаро гирифтани тамоми ниёзмандонро ба такмили ихтисос ва бозомузи надорад. Вазъият танхо дар заминаи таъсиси Донишкадаи чумхуриявии хакмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи фарханг, ки дар Барнома пешниход гардидааст, имконпазир мегардад.
- Аз чи гуна хал гардидани мушкилихои сохаи фарханг, дар нихояти кор, тавассути кадом инфрасохтор, дар кадом заминаи модди-техники, иттилооти, кадри ташаккул ёфтани маърифати сиёси, иктисоди, хукуки, чахонбинии илми ва сатхи маънавиёти кишрхои гуногуни чомеаи Точикистон, бахусус насли наврас вобаста аст
- Бо дарназардошти он, ки дар доираи (мухлати) татбики Барномаи мазкур ва имкониятхои вокеии Бучети чумхурияви халли мукаммали мушкилоти имрузаи муассисахои фарханги чумхури имконнопазир аст, дар Барнома тибки нишондоди “Консепсияи рушди фарханги Чумхурии Точикистон” тахия ва пешниходи 4 барномаи минтакави ва вилоятии рушди сохаи фарханг барои солхои 2016-2025 пешбини гардидааст. Ин имкон медихад, ки иктидорхои иктисоди ва нерухои зехнии соха зина ба зина, максаднок ва сарфакоронаву самарабахш мавриди истифода карор гиранд. Зеро фарханг сохаест, ки маъмулан ба дастгирии молиявии давлат бештар ниёз дошта, дар киёс бо дигар сохахои ичтимоию иктисоди хануз дар сатхи зарури ба шароити иктисоди бозори ва муносибатхои нави иктисоди омода нашудааст. Аз ин ру, механизмхои иктисодие заруранд, ки тавассути онхо фарханг ба иштирокчии фаъоли равандхои нави ичтимоиву иктисодии чомеа табдил ёфта, самараи дастгирии молиявии давлат на танхо дар конеъгардонии ниёзхои маънавии аъзои чомеа, балки дар тавлиди харчи бештари арзишхои нави маънави аён гардад.
- Дар таъмини рушди бемайлони сохаи фарханг хиссаи сармояи сохибкорони ватани, хавасмандии эхсонкори, татбики лоихахо бахри чалби сарчашмахои маблаггузории гайрибучети, аз чумла сармояи хоричи чандон назаррас нест.
- Аз ин ру, дар шароити имруза, рохи халли мушкилоти сохаи фархангро танхо дар доираи имкониятхои иктисодии давлат махдуд накарда, балки бахри пешрафти соха чалби харчи бештари сармояи хоричи ва сохибкорони ватани, чоринамоии хизматрасонихои музднок, рушди бозори сарватхои фарханги, ривочу равнаки сохибкори ва хавасмандгардонии эхсонкориро ба рох мондан зарур аст.
- Максади асосии Барномаи мазкур таъмини рушди устувори муассисахои фарханг дар мархилаи нави пешрафти хаёти ичтимоииктисоди ва фархангии Чумхурии Точикистон, тамоюлоти чахонишавии фарханг тавассути тачдиди инфрасохтор, тахкими заминаи ракобатпазири модди-техники, тарбияи кадрхои соха ва ба ин васила мусоидат намудан ба раванди эчодиёти халк, татбики самарабахши неруи фарханги ва маънавии афроди чомеа мебошад.
- Бахри ноил шудан ба ин максад ичрои вазифахои зерин заруранд:
– андешидани силсилаи тадбирхо бахри такмили заминаи меъёрии хукуки ва низоми идоракунии фаъолияти ичтимои-фарханги;
– мутобикгардонии мундарича ва самти фаъолияти муассисахои фарханг ба хадафхои Стратегияи миллии рушд;
– баланд бардоштани хисси масъулиятшиносии тамоми субъектхои низоми идоракунии фарханг нисбати таъмини рушди устувори соха;
– тачдид ва ба талаботи замони муосир мутобик гардонидани инфрасохтори сохаи фарханг;
– бунёди заминаи модди-техникии замонавии муассисахои фарханг, аз чумла тачхизонидани онхо бо технологияи муосири иттилооти, таъминот бо дастгоххои таквияти овоз, созхои мусики, либосхои сахнави, наклиёти хизмати, мебелхо ва адабиёти тозанашр;
– фарохам овардани шароити мусоид барои ворид шудани муассисахои таълимии сохаи фархангу хунар ба низоми ягонаи тахсилот тибки стандартхои байналмилали ва бозори чахонии-мехнат;
– ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи фарханг;
– таъмини шароитхои мусоид чихати дастёбии баробари тамоми кишрхои ахоли ба арзишхои фарханги;
– баргузор намудани чорабинихо бахри эхё, хифз, рушд ва таргиби мероси гановатманди фарханги милли дар дохил ва хоричи кишвар;
– баланд бардоштани сатху сифат самаранокии фаъолияти муассисахои фарханги чумхури ва чорабинихои фарханги;
– таъминоти методии фаъолияти ичтимои-фарханги;
– пешгирии холатхои хусусигардонии муассисахо ва иншооти фарханги;
– таъмин намудани рушди устувор ва баробари фархангии тамоми минтакахои чумхури;
– бунёди богхои нави фархангию фарогати;
– чоринамоии хизматрасонии пулаки дар муассисахои фарханг;
– пайвастнамоии муассисахои фарханг ба шабакаи интернет, таъсиси сомонахо ва сурогахои электронии раёсатхо, шуъба ва бахшхои фарханг;
– чалби маблагхои гайрибучеги барои рушди сохаи фарханг;
– таъмини шароит бахри ривочу равнаки корхои илми-тахкикоти дар сохаи фарханг ва санъат;
– ширкати кормандони сохаи фарханг дар хамоишхои илмии байналмилали, курсхои такмили ихтисос ва чараёни омузиши тачрибаи пешкадами фаъолияти ичтимои-фарханги;
– ташкили сафархои хунарии коллективхо, дастахои худфаъолияти ва гуруххои эчодии чумхури ба хоричи кишвар.
4. САМТХОИ АСОСИИ ТАТБИКИ БАРНОМА- Бахри таъмини рушди устувори муассисахои фарханги Чумхурии Точикистон то соли 2020 дар Барнома самтхои афзалиятноки зерин муайян карда шудаанд:
– такмили заминаи меъёрии хукуки ва низоми идоракунии фаъолияти ичтимои-фарханги;
– рушди тахкикоти илми ва таъминоти методии-фаъолияти ичтимоифарханги;
– такмили самтхо, мундарича ва баланд бардоштани сатху сифати фаъолияти ичтимои-фарханги;
– сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти фарханги;
– бунёди заадинаи модди-техникии муассисахои фарханг.
5. МАНБАЪХОИ МАБЛАГГУЗОРИИ БАРНОМА- Сарчашмахои асосии маблаггузории татбики Накшаи чорабинихои Барнома маблагхои хамасола аз Бучети давлати барои рушди сохаи фарханг ва илм пешбинишаванда; сармояи сохибкорони ватани ва грантхои фондхои байналмилали мебошанд.
- Харочот барои татбики Барнома аз хисоби тамоми манбаъхои маблаггузори (тибки нарххои солхои дахлдор) 26 млн. 84 хазор сомониро ташкил медихад.
- Чорабинихои Барномаи мазкур дар давоми солхои 2016-2020 татбик мегарДанд. Барномаи мазкур мархилаи навбатии татбики чорабинихо оид ба таъмини рушди муассисахои фарханги Чумхурии Точикистонро фаро гирифта, пас аз татбики мукаммали максад ва ичрои вазифахои он дар оянда барномахои нав тахия хоханд шуд.
- Тавассути татбики Накшаи чорабинихои Барнома натичахои зерин ба даст хоханд омад:
– заминаи меъёрии хукуки ва низоми идоракунии фаъолияти ичтимоифарханги такмил меёбад;
– рушди устувор ва баробари тамоми минтакахои чумхури дар сохаи фарханг таъмин мегардад;
– чараёни номатлуби хусусигардонии бино, амвол ва иншооти фарханги пешгири мегардад;
– хисси масъулиятшиносии тамоми субъектхои идоракунии фаъолияти ичтимои-фарханги дар таъмини рушди устувори сохаи фарханг баланд мегардад;
– маблаггузори бахри рушди сохаи фарханг аз хисоби сарчашмахои гайрибучети афзоиш меёбад;
– барои ташаккули батадричи инфрасохтори замонавии сохаи фарханг шароити нисбатан мусоид фарохам меояд;
– барои татбики босифат ва самарабахши функсияхои ичтимоии муассисахои фарханги чумхури шароити мусоид фарохам меояд;
– бахри эхё, хифз ва рушди суннатхо, таргиби дастовардхои фарханги муосир ва таргиби мероси пургановати фарханги ниёгон ба чахониён имкониятхои бештар фарохам меояд;
– дар чумхури низоми устувори такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи фарханг ташаккул меёбад;
– сатхи донишхои назарияви ва малакахои касбии мутахассисони сохаи фарханг баланд мегардад;
– шумораи зиёди бинои муассисахои фарханг таъмиру тармим ва баркарор гардада, як кисми онхо бо иморатхои мустакил таъмин мегарданд;
– шумораи бинохои навбунёди муассисахои фарханги афзоиш меёбад.
- Накшаи чорабинихои Барнома ва сарчашмахои маблагтузории он замима мегарданд (замимахои 1 ва 2).
ба Барномаи давлатии рушди
муассисахои фарханги Чумхурии
Точикистон барои солхои 2016-2020
чорабинихои татбики Барномаи давлатии рушди муассисахои фарханги Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020
ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхои Сугд, Хатлон ва шахру нохияхои тобеи
– “Барномаи рушди фарханг дар вилояти Хатлон барои солхои 2016-2025”;
– “Барномаи рушди фарханг дар вилояти Сугд барои солхои 2016-2025”;